РАДИОХИРУРГИЯИ СТЕРЕОТАКСИГӢ ДАР ГАММА-КОРД («ГАММА-НОЖ») — ИН ЧИСТ?

Радиохирургия – методи дақиқӣ шуоъзании ғайримуқаррарии андарунии манбаъи косахонаи сар бо татбиқ кардани вояи калони радиатсияи яквақтаина бо тавассути истифодабурдани техникаи стереотаксикӣ. Дастгоҳи Гамма – корд (Гамма-нож) ҷойи махсусро дар арсенали нейрохирургия ишғол менамояд. Дастгоҳи мазкур асбоби тахассусӣ барои табобати ғайриинвазивӣ маҷмӯъи васеъи патологияи дарунии косахонаи сар (онкология, малформатсияи рагдор, невралгияи тригеминалӣ).

БАРТАРИҲО

image

Бе бурриш ва сурохкунии устухон (трепанатсия), қариб ҳис накардани дард

image

Таносуби судманди нарх ва таъсирнокӣ

image

Хатари камтарини вайрон намудани узвҳои ҳис

image

Саҳехи баландтарини шуоъзанӣ

image

Тамоми протседура дар як рӯз гузаронида мешавад.

ДАР БОРАИ МАРКАЗ

image
Центр Гамма-Нож при НИИ Нейрохирургии им. акад. Н.Н. Бурденко открыл свои двери для пациентов в апреле 2005 года. За годы работы в нашем центре пролечено более 6000 пациентов. Налажены крепкие научные связи с международными коллегами. Мы явл

Тахассуси баланди табибони мо.

Онҳо таҷрибаю собиқаи амалии бисёрсолонаи кории нейрохирургхо дар ташкилоти пешрафти махсус гардонидашудаи мамлакатамон доранд: Донишқадаи Илмию Тадқиқотии нейрохирургия ба номи Н.Н. Бурденко Академияи Россиягии Илмҳои Тибб. Онҳо таҷрибаи худро бо маҳорати амалии донишашон дар радиология ва радиохирургияи стереотаксигӣ мепайванданд. Ин имконият медиҳад, ки тактикаи БЕХТАРИНУ МУНОСИБРО барои ташхис ва табобат ба беморон пешниҳод намоянд ва он комилан на танҳо аз истифодабарии хатмии Гамма-корд (Гамма-нож) ҳудуд мегузорад.

Ҳамкории зич бо Донишқадаи Илмию Тадқиқотии нейрохирургия ба номи Н.Н. Бурденко Академияи Россиягии Илмҳои Тибб.

Пеш аз гирифтани табобати радиохирургии ва баъд аз он бо беморони мо мутахассисони роҳбалади мамлакат дар сохаи неврология, нейроофталмология, отоневрология, нейрорентгенология, нейроэндокринология, нейропсихиатрия машварат мегузаронанд ва тавсия медиҳанд. Дар заминаи Донишқадаи Илмию Тадқиқотии нейрохирургия беморон (ҳангоми доштани нишондод) имқоният доранд аз методҳои ташхиси иловагии гуногун гузаранд, ки дар аксарияти дигар ташкилотҳои тиббии Россия ва Давлатҳои Муштарак-ул_Манофеъ дастнорас мебошанд:

  • КТ-перфузияи спиралшакли мағзи сар
  • Томографияи магнитию резонансӣ (МРТ)-и тамоми бадан дар реҷаи DWI
  • КТ-и эмиссионии якфотонӣ
  • Электроэнсефалография
  • Боздидӣ препарати гистологӣ
image

АНДРЕЙ ВЛАДИМИРОВИЧ ГОЛАНОВ

Профессор, номзади илмҳои тибб, муовини директори кулли оид ба фаъолияти тиббӣ, радиологи роҳбалад.

Профессори кафедраи радиологияи Академияи Россиягии Маълумотии баъд аз дипломӣ (РМАП). Узви Ҷамъияти нейрохирургҳои шахри Москва, Иттиҳодияи (Ассоциацияи) нейрохирургхои Россия, Иттиҳодияи (Ассоциацияи) нейрохирургхои Ҷаҳони, Аврупои ва Амрикои (WFNS, EANS, AANS), Ҷамъияти Амрикои ва Аврупоии онкологхо ва радиологхо (ASTRO, ESTRO), Ҷамъияти Байналхалқӣ доир ба радиохирургияи стереотаксигӣ (ISRS), Ҷамъияти Умумиҷаҳони ва Аврупоии истифодабарандагони «Гамма-корд («Гамма-нож») (Leksell Gamma Knife Society), Ҷамъияти радиохирургҳои стереотаксигӣ (RSS) ва гайра. Муаллифи зиёда аз 275 корҳои чопӣ ва ҳаммуалифи 5 монография мебошад. Лауреати Ҷоизаи Умумироссиягии I дар соҳаи онкология дар номинатсияи «Комёбиҳои сол» барои рушди радиохирургияи стереотаксигӣ. Бо ифтихорномаи Академияи Россиягии Илмҳои Тибб барои меҳнати самаранок оид бар рушди илми тибб ва тандурустӣ сарфароз гардидааст.

АРЗИШИ ТАБОБАТ

Аз 1 сентябри соли 2015 дар Маркази «Гамма-корд («Гамма-нож») барои шаҳсони воқеъи — шаҳрвандони Федератсияи Россия тахфиф ба андозаи 10% амал мекунад. Барои кормандони тибб, шаҳсоне, ки садамаи Чернобылро мавҳ кардаанд, ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тахфиф ба андозаи 15% пешниход карда мешавад (ҳангоми пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда). Тахфифҳо инчунин барои муроҷиати такрорӣ барои гирифтани табобат пешниҳод карда мешаванд.

Бистарӣ гаштан дар Донишкадаи Тадкикотию Илмии нейрохирургия, аз он ҷумла гузаронидани ангиография, ба нархе, ки дар нархнома ҷойгир шудааст ба музди табобат доҳил (шомил) намешавад ва он дар алохидагӣ тибқи нархномаи амалкунандаи Донишқадаи Тадқиқотию Илмии нейрохирургия ба номи Н.Н. Бурденко ҳисоб карда мешавад.

ТАМОС

РЕҶАИ КОРӢ:

душанбе — панчшанбе: аз соати 9.00 то соати 18.00. чумаъ: аз соати 9.00 то соати 17.00

СУРОГА БАРОИ МУРОСИЛОТИ ПОЧТА (АЛОҚА):

125047, Россия, шаҳри Москва, кӯчаи 4-уми Тверская-Ямская хонаи 16, бинои 3 Маркази тиҷоратии нейрохирургия.

ФАРМОИШИ ЗАНГ
НОМНАВИСИИБАРОИ КАБУЛ
ГИРИФТАНИ МАШВАРАТ